ба

ба
[به]
пешоянд
1. самти равона шудани амалро мефаҳмонад: ба боло, ба поён, ба хона; ба пеши… дар назди…, дар наздикии…: ба пеши бародараш рафт; ба сари… а) ба сӯи… ба тарафи…: ба сари ҷӯй рафт; б) ба болои…: офтоб ба сари девор афтод
2. нисбат доштани чизеро бо чизе нишон медиҳад: ин гап ба ӯ сахт расид
3. ба дохили чизе равона шудани амалро мефаҳмонад: ба хона даромад
4. ба ҷое ё чизе рафта расидан ва бархӯрдани чизеро мефаҳмонад: қатраҳои борон ба рӯяш зад; овозе ба гӯш расид; баландии он ба сад метр мерасад
5. ба сабаби…., бо мақсади…, барои…: ман ба гуфтани ин гап омадам; ба хидмат омода шуд
6. ба дараҷаи…, ба ҳолати…, то ҳадди…; куртааш ба даридан расидааст
7. дар таркиби пайвандакҳои таркибии тобеъкунандаи миқдор ва дараҷа, тарзи амал ва хилофӣ меояд: ба андозае ки…, ба ҳадде ки…, ба қадре ки…, ба ҷои он ки…; ба тарзи… // ба тариқи… // ба таври…, ҳамчун, чун
8. мувофиқи… мутобиқи…; баробари…, мисли…, монанди…
9. бо: ба овози баланд гуфт, ба пои худ баромад…; ба мурури замон… бо гузашти замон; ба воситаи… тавассути…; ба туфайли…, ба сабаби…
10. баробари…, бо баробари…
11. аз рӯи…, бино ба…, мутобиқи…: ба гуфти директори мактаб…
12. дар: ин гап ба ёдам омадааст
13. баҳри…, барои…
14. бо чанде аз калимаҳо омада, зарфҳои таркибӣ месозад: ба зудӣ // ба тезӣ дар андак вақт, бе даранг; ба таври оҷил, фавран; ба зӯрӣ зӯран, маҷбуран; ба осонӣ бидуни сарфи қувваи зиёд, душворӣ накашида, ба суҳулат, осон; ба хубӣ а) хуб, нағз: рӯзгораш ба хубӣ мегузашт; б) равшан, аниқ; в) маҷ. ба нағзӣ, бе сухани зиёдатӣ, бо маслиҳат
15. аз такрори баъзе калимаҳо таркибҳои зарфӣ месозад: дам ба дам ниг. дам; ранг ба ранг ниг. ранг; рӯ ба рӯ ниг. рӯ; сар ба сар ниг. сар; ба муносибати… бо фаро расидани…, бо; ба сабаби… дар натиҷаи…, бино бар…; ба ғайр аз ғайри…, ҷуз, ба истиснои…; нисбат ба назар ба (дар мавриди муқоиса); ба ном расман, зоҳиран; ба пеш! амр барои пеш рафтан ва ҳуҷум; ба саломат солиман, солиму сиҳҳат; ба ҳар ҳол дар ҳар сурат, чи тавре ки набошад; ба чашм дар мавриди бо майлу рағбати том итоат кардан ба амр ё пазируфтани пешниҳоди касе истифода мебаранд; ба ҷон бо камоли майлу рағбат; ба як бор якбора, аз сидқи дил, дафъатан; ба ҳам дидан чизеро ба таври шарикӣ ва якҷоя истифода кардан аз чизе; ба ҳам омадан а) рӯй додан, ба амал омадан; б) гӯшт гирифтан, беҳ шудан (-и ҷароҳат); ба ҷо мондан боқӣ мондан; ба ҷо овардан иҷро кардан, анҷом додан (вазифа, хизмат, супоришу фармон, ваъдаву илтимос, иззату эҳтиром, расму одат ва ғ. -ро)

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать реферат

Полезное



Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»